Мо кӣ ҳастем?

«Гулистони Душанбе» ин ширкати нассоҷии пурраи бофандагии амудӣ муттаҳидшуда буда, ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат тахассус дорад.

ҶСК «Гулистони Душанбе» ба истеҳсоли молҳои истеъмолии мардум тааллуқ дошта, аз рӯи гурӯҳбандии соҳаҳои хоҷагии халқ ба саноати сабук мансуб аст. Таъсиси ҶСК «Гулистони Душанбе» ба зарурати таъмини шуғли васеи аҳолии пойтахти навбунёди ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он тақозо карда шуд.

Имкониятҳои мо

Видео тур

Play Video

Инноватсия ва технология

Саноат 4.0 – ин як инқилоби истеҳсолӣ аст, ки дар ширкати “Гулистони Душанбе” истифода бурда хоҳад шуд ва ба истеҳсолнокӣ, ҳавасмандгардонии рушди саноат ва нигоҳ доштани эътибори баланд таъсир хоҳад расонид.  Сармоягузории технологияҳои навтарин имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифатро истеҳсол кунем. Инчунин услуби кор бо Kaizen дастаи моро бо мунтазам ҷорӣ кардани инноватсияҳо таъмин мекунад.

Натуральный хлопок

Натуральные волокна, выращивают в экологически чистой среде без использования химических веществ — гербицидов, инсектицидов и фунгицидов. Такой метод культивирования способствует получению абсолютно гипоаллергенной ткани.

Масолеҳ

Масолеҳи, ки мо истифода мебарем, новобаста аз шаклашон чунин хусусиятҳо доранд: ҳаворо мегузаронанд ва ба пӯст имкони нафас гирифтанро медиҳанд, баъзеашон гармиро нигоҳ медоранд; хеле мустаҳкам мебошанд, ки онҳоро бо даст пора кардан ғайриимкон аст.

Рангҳои табиӣ

Истифодаи рангҳои табиии индиго ба ранг кардани либосҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат мекунад, ки ба пӯсти инсон таъсири манфӣ намерасонад.

Таҷҳизоти мо

Сифат ва сертификатҳои мо

Фабрикаи мо дорои сертификати мақомоти байналмиллалии TÜV Thüringen буда, ба талаботи стандарти байналмиллалии ISO 9001:2015 ва системаи назорати сифат ҷавобгӯ аст. Ғайр аз ин боз чунин сертификатҳо ба мисли ECOTEX мавҷуд мебошанд.

Ширкати мо бо дархости Супоришдиҳанда метавонад сертификати лозимаи сифатро маҳз барои кишвари ӯ пешниҳод кунад ва бо ин боварии истеъмолкунандаи худро ба даст орад.

Мо барои брендҳо истеҳсол мекунем

Close
Close
Categories