Мо таҷзизоти нави автоматикиро аз Ҷопон, Олмон, Дания, ИМА, Туркия ва Руссия бо қудратнокии 2 млн. воҳид маҳсулот дар як сол (дар сурати кор дар ду баст) ворид кардем.
Барои таълим додани кормандони ҶСК “Гулистони Душанбе” аз тарафи саҳмдор уламо ва мутахассисон аз Руссия, Италия, Олмон ва Туркия даъват карда шуда буданд.
ҶСК «Гулистони Душанбе» мунтазам миқдор ва анвои маҳсулоти худро афзоиш медиҳад. Асосан дар ин ҷо шимҳои мардона, занона ва кӯдакона, куртаҳо, юбкаҳо, капри, шорт, бриҷи, куртка ва ғ. аз матоъҳои ҷинс, пахтагин ва омехта истеҳсол карда мешаванд. Дар ин сол истеҳсоли маснуоти яккаратаи тиббӣ ва либосҳои яккаратаи махсуси корӣ матои ғайритабии кимиёвӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои расонидани матоъҳо мо якчанд шартномаҳо бо якчанд фабрикаҳои чиноӣ, покистонӣ ва туркӣ дорем. Мо аз матоъҳои зерини истеҳсоли дохилӣ истифода мебарем: ҷинс, пахтагин ва омехта.
Назорати сифат
Назорати сифати либосҳо бо усулҳои органолептикӣ ва ченкунӣ амалӣ карда мешавад. Усули органолептикӣ – ин азназаргузаронии маҳсулоти ба манекен гузошташуда ё дар рўи миз ҷойгиршуда, муқоисаи он бо намунаи стандартӣ, тафтиши пайвандҳо, пайвасткуниҳои ширешӣ, пайвастани қисмҳои симметрӣ барои санҷиши андоза ва шакли онҳо.
Мо барои ҳамкорӣ боз ҳастем! Имкониятҳои мо барои қабули фармоишҳои миқдорашон калон ва хурд ҳам аз дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он мусоидат мекунанд.
Мо бо фурӯшандагони яклухти бозорҳои шаҳр кор мекунем. Фармоишҳоро дар мавриди истеҳсоли либосҳои махсус аз корхонаву ташкилотҳо қабул мекунем.
Харидорон ва фармоишгарони мо чунин ширкатҳо ба мисли ҶДММ
Нашими покупателями и заказчиками изделий являются «Текстильтрейд» (Москва, Руссия), ҶДММ «Группа спортивных брендов» (Руссия) ва ҶДММ «АВМ спорт» (Руссия) мебошанд. Кор ҷиҳати афзоиш додани миқдори муштариёни потентсиалӣ дар Руссия ҳамарӯза идома дорад.
Инчунин бо якчанд корхонаҳо гуфтушунидҳо оиди таъмини либоси махсуси яккарата ва маснуоти яккаратаи тиббӣ рафта истодаанд.
Lorem Ipsum is simply dummy text of the printing and typesetting industry. Lorem Ipsum has been the industry’s standard dummy text ever since the 1500s, when an unknown printer took a galley of type and scrambled it to make a type specimen book.