ҶСК “Гулистони Душанбе” аз бузургтарин корхонаҳои саноати истеҳсолотии Тоҷикистон ба шумор меравад. Намудхои асосии махсулот аз либосхои болопушии занона ва мардона иборат мебошанд, ки аз матоъҳои пахтагин, омехтаи пашм, матоъхои синтетикӣ ва омехта духта ва омода карда мешаванд.
ҶСК «Гулистони Душанбе» ба соҳаи истеҳсоли молҳои истеъмолӣ тааллуқ дошта, аз рӯи таснифоти соҳаҳои хоҷагии халқ ба соҳаи саноати сабук мансуб аст. Таъсисёбии ҶСК «Гулистони Душанбе» бо зарурати таъмини аҳолии пойтахти навбунёди ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он бо намудҳои васеъи фарогирӣ бо шуғлҳо алоқаманд буда тақозои замон будааст.
“Гулистон” ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар Душанбе маълум буд, зеро он асосгузори саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон аст.
ҶСК «Гулистони Душанбе» дар таърихи худ роҳи тулониро паймуда аз фабрикаи хурди духтани либосҳои махсус барои кормандони милитсия то калонтарин Иттиҳодияи дузандагии СССР ба номи 50-солагии СССР, минбаъд ба корхонаи хусусӣ – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Гулистон» табдил ёфтааст.
Он дар санаи 29 октябри соли 1933 таъсис ёфта, аслан фабрикаи либосдузии раками 1 ба номи Сталин будааст. ҶСК «Гулистони Душанбе» дар ибтидои фаъолияти худ танҳо аз як коргоҳи (сехи) буридан ва ду коргоҳи дузандагӣ иборат будааст, ва дар он давра фабрика 175 мошини дарздузӣ ва 300 нафар коргар доштааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941—1945 фабрика ба духтани либосхои харбӣ барои низомиён машғул будааст.
Дар соли 1964 фабрикаи дузандагии раками 1-и Сталинобод ба фирмаи либосдузии «Гулистон» ва соли 1972 ба Иттиходияи истехсолии либосдузии ба номи 50-солагии СССР табдил дода шуд. Дар ин давра ба Иттиходияи истехсолии Душанбе — корхонаи асосӣ, фабрикаи либосдузии Норак оид ба духтани маснуъоти бачагона, фабрикаи дузандагии шими мардонадузии Қургонтеппа, фабрикаи дузандагии куртахои мардона ва либосхои бачагонаи шаҳри Хуҷанд, магазини фирмавии “Дилшод” дар мегирифт, ки ба фуруши махсулоти тайёри корхонахое, ки ба хайати иттиходия дохил мешуданд, машғул будааст.
Дар соли 1998 Иттиҳодияи истеҳсолӣ аз байн рафт ва корхонаи дӯзандагии шаҳри Душанбе ба корхонаи дӯзандагии «Гулистон» табдил ёфт.
Дар соли 2000 корхонаи дӯзандагии «Гулистон» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистон» ва соли 2002 хусусӣ гардонида шуда, ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Гулистон» табдил ёфтааст.
Корхонаи дӯзандагии «Гулистони Душанбе» дар соли 2023 иқтидори истеҳсолии худро афзоиш дода, корҳои таъмирӣ ва ребрендингро (такмилдиҳии брендро) анҷом дод.
Мо ҳамчун як корхонаи истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии маъруфи тоҷик арзи ҳастӣ дорем. Хусусияти фарқкунандаи мо сифати баланди махсулоти мост. Мо аз либосҳои трикотажӣ барои дӯхтани либосҳои гуногун, яъне аз либосҳои хонагии кӯдакон ва калонсолон сар карда то либосҳои корпоративӣ ва варзишӣ, истифода мебарем.
Ҳадафи ширкати мо аз эҷод кардани маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ иборат мебошад, ки қодир бошад талабот ва интизориҳои муштариёнро қонеъ гардонда тавонад.
Корхона тамоми таҷриба ва технологияҳои инноватсионии худро дар истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ сарф мекунад. Мо бо истифода аз маводи баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин тавассути малакаҳои эҷодкорӣ ва касбии кормандони худ ба истеҳсоли маҳсулоти бенуқсон ноил мешавем.
«Бо дарназардошти ҷихати сарфакорона, бо сифати баланд, чун барои худ» — маҳз хамин мулохиза ва шиор асоси фаъолияти корхонаи моро муайян мекунад.
Имрӯз ширкати мо дар бозори маҳсулотҳои нассоҷӣ маъруф аст. Мо маҳсулотҳои мутобиқ бо мӯд ва баландсифатро дар шакли бастаҳои яклухт ва бо нархҳои рақобатпазир пешниҳод менамоем.
Окончил среднюю школу с золотой медалью. Учился в Худжандском госуниверситете по специальности «Экономика и управление производством». С 2005 года работает в ЗАО «Гулистон»: главным бухгалтером (июль 2005 г. — сентябрь 2007г.), финансовым директором (сентябрь 2007 г. — февраль 2008 г.), генеральным директором (с февраля 2008 года).
Кандидат экономических наук, Тема: «Эффективность формирования регионального хлопково-текстильного кластера»
Lorem Ipsum is simply dummy text of the printing and typesetting industry. Lorem Ipsum has been the industry’s standard dummy text ever since the 1500s, when an unknown printer took a galley of type and scrambled it to make a type specimen book.
Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.
Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.
Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.
Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.
Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.
Monday: | 12-6PM |
Tuesday: | 12-6PM |
Wednesday: | 12-6PM |
Thursday: | 12-6PM |
Friday: | 12-6PM |
Saturday: | 12-6PM |
Sunday: | Closed |
If you’re enterested in employment opportunities at Elessi, please email us: contact@yourstore.com
Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Теҳрон 21
+992 (44) 610 5588
+992 (44) 610 5599
info@gulistond.com
sales@gulistond.com
Душанбе – Ҷумъа аз 8:00 – 17:00
Шанбе аз соати 9:00 – 13:00
Якшанбе – рӯзи истироҳат